Фармони Рустами Эмомалӣ: Раиси ТВ "Пойтахт" нав шуд

Сӯҳроб Рауфов давоми 1 солу 7 моҳи охир раиси ТВ "Тоҷикистон" буд

Рӯзи 13 январ бо як фармони нави иҷрокунандаи вазифаи шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ, Сӯҳроб Рауфов раиси Муассисаи давлатии “Телевизиони Пойтахт” таъин шуд. Рауфов то имрӯз раиси телевизиони давлатии "Тоҷикистон" буд. Дар ин мақом ӯ беш аз якуним соли охир – аз 6 июли соли 2015 кор кардааст.

Як манбаи мӯътамади радиои Озодӣ рӯзи 13 январ гуфт, ки Сӯҳроб Рауфов шоми ҷумъа дар баробари ҳайати кормандони телевизиони "Пойтахт" ба ҳайси раиси нав муаррифӣ шуд. Сӯҳроб Рауфов то имрӯз раиси телевизиони давлатии "Тоҷикистон" (собиқ "Шабакаи аввал") буд. Рауфов дар ин мақом Шавкат Саидов, собиқ сухангӯи шаҳрдори Душанбе ва раиси телевизиони "Пойтахт"-ро иваз кард. Манбаи радиои Озодӣ гуфт, ки интизор меравад рӯзи шанбе, 14 январ исми раҳбари нави телевизиони давлатии "Тоҷикистон" ҳам маълум шавад. "Бояд барои матбуот бар асоси фармонҳои имзошуда хабари охирин рӯзи шанбе пахш шавад".

Сӯҳроб Рауфов аз кормандони собиқадори соҳаи телевизон ва радиои давлатии Тоҷикистон аст. Дар гузашта дар вазифаи муовини аввали раиси телевизиони “Ҷаҳоннамо”, радиои “Садои Душанбе”, дар бахши хориҷии идораҳои барномаҳои иттилоотии телевизиони давлатии Тоҷикистон кор кардааст.

Таъйиноти Сӯҳроб Рауфов зоҳиран аз аввалин тасмимҳои Рустами Эмомалӣ дар мақоми иҷрокунандаи вазифаи шаҳрдори Душанбе мебошад, ки рӯзи 12 январ ба ин мақом аз ҷониби президент таъин шудааст. ​Р.Эмомалӣ дар мақоми худ раиси собиқадори шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоевро иваз кард.