Кормандони корхонаи алюминӣ, ки аз тарафи ширкати "Авинон"-и Қазоқистон дар шаҳри Таш-Кумири Қирғизистон бунёд мешавад, як сол аст, маош нагирифтаанд. Дар ин бора Талант Исмаилов, раҳбари корҳои сохтмонии корхонаи мазкур иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи ӯ, ширкати "Авинон" охирҳои соли 2015 сармоягузорӣ ва корҳои сохтмониро дар ин тарҳ қатъ кардааст. "Наздики 30 одам соли 2016 як танга маош нагирифтаанд", - афзудааст Исмаилов.
Исмаилов мегӯяд, сохтмони корхона бо сабаби ба дарозо кашидани раванди имзои созишнома миёни Қазоқистон ва Қирғизистон қатъ шудааст.
Бар пояи қарордоди байниҳукуматӣ сохтмони корхона моҳи июли соли 2014 шуруъ гардида, як ширкати Куриёи Ҷанубӣ қарор аст, ба он 75 миллион сом сармоягузорӣ мекунад.
Иқтидори солонаи корхона наздики 200 ҳазор тонна маҳсулот гуфта мешавад.