Дмитрий Песков, сухангӯи раёсати ҷумҳури Русия рӯзи 12 январ гуфт, ки Кремлин умедвар аст Владимир Путин бо президенти мунтахаби Амрико Доналд Трамп метавонанд бо ҳам созиш кунанд.
Дмитрий Песков як рӯз баъд аз нишасти матбуотии Доналд Трамп бо хабарнигорон сӯҳбат кард. Трамп дар нишасти рӯзи 11 январ аз Путин ситоиш кард ва гуфт, ки барои эъмори равобити харобшудаи Ийолоти Муттаҳида бо Русия сайъ хоҳад кард.
Песков дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, "Маскав самимона умедвор аст, ки раисони ҷумҳури мо бо ҳам канор меоянд".
" Ҳадди ақал Трамп омодагиашро барои муколома баён дошт"- гуфт Песков ва афзуд " ин омодагӣ ба маъное нест, ки онҳо дар ҳама масъала бо ҳам розӣ шаванд. Гумон аст, ки ин имконпазир бошад ва Маскав ҳам чунин интизорро надорад. Аммо гуфтугӯ заминаро барои умедворӣ муҳайё мекунад ва роҳеро ба мо нишон медиҳад, ки аз бисёр вазъиятҳои мушкил берун шавем"- гуфт Дмитрий Песков.
Раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико Доналд Трамп рӯзи гузашта нахустин нишасти матбуотиро баъди интихоб шуданаш ба мақоми президент, дар таърихи 8 ноябр, баргузор кард. Хабарнигорон дар ин нишаст ба сурати умум танҳо ба масъалаи ҳамлаҳои ҳакерии Русия ба Амрико ва маълумоте, ки гӯё Русия алайҳи Трамп маводи бадномкунанда дорад, таваҷҷӯҳ карданд.
Пирӯзии Трамп дар интихобот бинобар натиҷагирии хадамоти истихбороти Амрико, ки ҳамлаҳои ҳакерӣ бо амри Путин ва барои кӯмак ба пирӯзии Трамп анҷом гирифтаанд, тира шуд.