Ду нафар сокинони деҳаи Гулрези ҷамаоти деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор аз бӯи гази ангишти бухории худсоз (сандалӣ) заҳролуд шуда ва ба ҳалокат расидаанд. Ба гуфтаи мақомот, ҳодиса шаби 11 январ рух дода ва дар пайи он Абдусамади 55-сола ва ҳамсари 54-солаи ӯ ҷон бохтаанд. Наздикони ин хонавода ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки фарзандони ин зану шавҳар, ҷасадҳои волидони худро субҳ фавтида дарёфтанд. Маросими ҷанозаи ин зану шавҳар рӯзи 11 январ баргузор шудааст.