Мақомоти тафтишотии Русия гуфтанд, ду тоҷири тоҷик дар минтақаи Забайкал барои 180 ҳазор рублашон кушта шудаанд. Ҷасади Тошпӯлод Тошпӯлодов ва Бурҳон Гадоев, ҳарду аз ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд, ҳафтаи гузашта пайдо шуд. Кумитаи тафтишотии Русия дар минтақаи Забайкал гуфт, бо иттиҳоми даст доштан дар қатли ду тоҷири тоҷик се сокини ноҳияи Улётов ва Чита дастгир шудаанд. Мақомоти пулис дар минтақаи Забайкал пештар гуфта буданд, ки Тошпӯлод Тошпӯлодов ва Бурҳон Гадоев ду рӯз қабл аз Соли нав дар роҳ аз Чита ба Красночикойск бе ному нишон шуданд. Пулис гуфта буд, ин ду шаҳрванди Тоҷикистон савори мошини навъи Mitsubishi Canter-и сафед буданд ва бо худ маблағ ва ҳуҷҷат доштанд.