Трамп дар бораи маълумоти "бадномкунанда" гузориш гирифт

Доналд Трамп, президенти мунтахаби ИМА

Матбуоти Амрико рӯзи 10 январ навишт, ки Бюрои федеролии тафтишот эътибори иддаоеро таҳқиқ мекунад, ки гӯё Русия алайҳи Доналд Трамп, президенти мунтахаби ИМА, маълумоти хусусӣ ва молии бадномкунанда дорад.

Ин иттиҳом як бахши хулосаи дусаҳифагӣ ба гузориши ҳамлаҳои ҳакерӣ алайҳи Амрико аст, ки ба гуфтаи шабакаи телевизионии CNN бинобар ҳассосияти мавзуъ танҳо президент Обама, Доналд Трамп ва раҳбарони Конгресс ҳафтаи гузашта бо он шинос шуданд.

CNN аз қавли як манбаи бидуни ном дар ҳукумати Амрико гуфт, маълумоте, ки гӯё русҳо алайҳи Трамп маводи бадномкунанда доранд, аз собиқ ходими MI6 - хадамоти истихбороти Британия дастрас шудааст, ки амрикоиҳо ба ӯ эътимод доранд.

Нашрияи The New York Times, Reuters, Associated Press ва хабаргузориҳои дигар низ дар ин робита аз як мақоми Амрико, ба шарти ошкор нашудани номаш, иқтибос кардаанд.

Президенти мунтахаб, ки баъди интихобош ба мақоми раиси ҷумҳур изҳороти худро тавассути Твиттер пахш мекунад, дар саҳфаааш ин хабарро "сохтаву бофта" унвон кард. Тими президенти мунтахаб то ҳол ба ба ин иттиҳом вокуниш накардаанд.

Ходимони истихборот ба Трамп додани ин маълумотро ба он хотир зарур шумурданд, ки раиси ҷумҳури мунтахаб аз маълумоте, ки дар бораи ӯ пахш мешавад, огоҳ бошад.