Нархи як дақиқаи тамоси телефонӣ аз Тоҷикистон ба Русия 20 дирам гаронтар шуд. Ин қарори нав аз 20 январи имсол ба иҷро медарояд. Дар ҳоли ҳозир нархи як дақиқаи гуфтугӯ 1 сомонист. Тайи се моҳи охир ин бори дувум аст, ки қимати зангҳои байналмилалӣ, аз ҷумла тамос бо Русия боло бурда мешавад. Вебсайти ширкати мобилии “Бабилон М” рӯзи 11 январ навишт, ин тасмим бар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон таҳти рақами 765 ва дастури Хадамоти зиддимонополӣ гирифта шудааст. Ширкати "Мегафон-Тоҷикистон” низ бо ирсоли паёмак ба муштариёнаш хабар дод, ки аз 20 январ бо дастури мақомоти зиддиинҳисорӣ нархи ҳар дақиқаи гуфтугӯ бо Русияро то 1 сомониву 20 дирам боло мебарад. Ин назар ба як дақиқаи занг аз Русия ба Тоҷикистон 10 маротиба гаронтар будааст.