Ширкатҳои қазоқӣ интернетро барои қирғизҳо арзон карданд

Ширкатҳои интернетрасони Қазоқистон тарофаҳои пешини Интернетро барои Қирғизистон баргардониданд. Тибқи иттилои ширкати "Қирғизтелеком", қимати интернет мисли пештара - то 13 доллар барои 1 мегабит пойин хоҳад омад. Ба гуфтаи раиси Эътилофи операторони алоқаи Қирғизистон Нурбек Абасканов, дар пайи гуфтугӯҳои ҷониби Бишкек ва Остона ин созиш ҳосил шудааст.

Охири моҳи августи соли 2016 Эътилофи операторони алоқаи Қирғизистон хабар дод, ки ширкатҳои Қазоқистон қимати интернетро аз 1,5 то 3 баробар - аз 30 то 50 доллар боло мебаранд. Баъдтар аз рӯи ин ҳодиса Додситонии кулли Қирғизистон нисбати ширкати "Қирғизтелеком" барои бастани шартнома бо ширкатҳои Қазоқистон парвандаи ҷиноятӣ боз кард. Хабар дода мешавад, ки раиси "Қирғизтелеком" Эмил Ешеналиев дидаву дониста шартномаи зиёноварро бастааст. Баъд аз чанд муддат вай аз вазифа барканор шуд.