Домоди Трамп мушовири Кохи Сафед мешавад

Хонаводаи Трамп

Домоди Доналд Трамп ба вазифаи мушовири аршади Кохи Сафед дар умури сиёсати тиҷорат ва Ховари Миёнаро ишғол мекунад. Дар ин бора мансабдорони наздик ба раиси ҷумҳури мунтахаб хабар доданд.

Ҷаред Кушнери 36-сола ин мақомро танҳо дар ҳоле соҳиб мешавад, ки агар машварати ҳуқуқӣ нақзи қонуни зидди қавмпарастиро соқит кунад. Ӯ дар ин мақом маош намегирад ва кори ӯ тасдиқи Сенатро ҳам талаб намекунад.

Доналд Трамп домодашро "интихоби пурарзиш ва мушовири қобили эътимод"-и маъракаи интихоботӣ ва даври гузариш арзёбӣ кард. Кушнер аз мақоми раҳбарӣ дар ширкати хонаводагии фурӯши амволи ғайриманқул ва ношири нашрияи New York Times Observer истеъфо медиҳад. Дар ин бораи вакили Кушнер хабар дод.