Хабаргузории Associated Press аз ёфт шудани ҷасади яке аз фарзандони Лех Валенса, раиси ҷумҳури собиқи Лаҳистон (Полша), гузориш дод. Ҷасади Пшемислав Валенсаи 43-сола дар хонаи яке аз наздиконаш пайдо шудааст. Табибон дар ҷасад аломати латту кӯбро, ки ба заминаи ҷиноии марги ӯ ишора кунад, наёфтанд.
Валенса 8 фарзанд дорад ва Пшемислав фарзанди севуми ӯ буд. Гуфта мешавад, ин мард бо машруботи алкоҳолӣ мушкил дошт ва пулис ӯро борҳо ҳангоми мошинронӣ дар ҳоли мастӣ боздошт карда буд.
Лех Валенса аз соли 1990 то соли 1995 раиси ҷумҳури Лаҳистон буд. Моҳи феврали соли гузашта Пажӯҳишгоҳи давлатии хотираи миллӣ сандаҳоеро дарёфт кард, ки ба ҳамкории Лех Валенса, раҳбари собиқи ҳизби "Ҳамбастагӣ" ва президенти кишвар бо хадамоти махсуси режими коммунистӣ далолат мекард. Худи Валенса инро қотеона рад мекунад.