Алӣ Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, аз умдатарин чеҳраҳои сиёсӣ дар чанд даҳаи гузашта дар Эрон ва яке аз бунёдгузорони Ҷумҳурии Исломӣ, шаби 8 январ бар асари сактаи қалб дар яке аз бемористонҳои Теҳрон даргузашт. Даргузашти Ҳошимии Рафсанҷонӣ вокунишҳоеро дар дохил ва хориҷ, аз ҷумла дар Тоҷикистон дар пай дошт. Дар замони президентии ӯ чанд даври музокироти сулҳи тоҷикон дар Теҳрон гузашта ва худи ӯ пеш аз имзои Созишномаи сулҳ ба Душанбе омада буд.
Гузориши видеоӣ:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Номаи таслият аз Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 9 январ дар номае унвонии президент Ҳасани Рӯҳонӣ, даргузашти Ҳошимии Рафсанҷониро ба мардуми Эрон ва пайвандони ӯ тасаллият гуфт. Оқои Раҳмон аз Алӣ Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ ба унвони яке аз чеҳраҳои шинохтаи сиёсатмадорони Ҷумҳурии Исломӣ ном бурд. "Худованд ҷояшонро ҷаннат ва маъвои охираташонро пурнур гардонад", - омадааст дар номаи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон.
Талбак Назаров, вазири собиқи умури хориҷии Тоҷикистон, ки раҳбарии ҳайати ҳукумати Тоҷикистон дар чанд даври гуфтугӯҳои сулҳро бар ӯҳда дошт, дар робита ба даргузашти Алӣ Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ гуфт, "дар даврони президентии ӯ муносибати Тоҷикистон бо Эрон беҳад хуб буд."
Талбак Назаров, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "Алӣ Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ барои ба даст овардани сулҳи Тоҷикистон мусоидат мекард ва кӯшиш менамуд, ки ҳар чӣ зудтар дар Тоҷикистон сулҳу оромӣ ба даст ояд."
Коршинос: "Рафсанҷонӣ ба Тоҷикистон ҳусни ният дошт"
Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси тоҷик мегӯяд, дар замони раёсати ҷумҳурии Рафсанҷонӣ буд, ки Эрон нахуст аз ҳама кишварҳо истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва сафораташро дар Душанбе ифтитоҳ кард ва сипас барои сулҳи Тоҷикистон ҳам худаш ва ҳам тимаш талошҳои зиёде анҷом дод.
Ба гуфтаи ин коршиноси тоҷик, "дар замони раёсати ҷумҳурии Рафсанҷонӣ се даври музокироти сулҳи байни тоҷикон, ду даври машваратҳои миёндавраӣ ва, инчунин, мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо раҳбари мухолифон ва имзои Эъломияи муштарак дар Эрон сурат гирифтанд, ки тасдиқи рӯшани ҳусни нияти эшон буд."
"Рафсанҷонӣ пеш аз имзои Созишномаи сулҳ ба Тоҷикистон омада буд"
Нуралӣ Давлат, таърихнигори тоҷик мегӯяд, сафари нахустини Рафсанҷонӣ ба Тоҷикистон бояд баҳори соли 1992 анҷом мешуд, ки сурат нагирифт. "Фикр мекунам, сабаби аслӣ ин буд, ки ҳайати Эрон бо даъвати шаҳрдори собиқи Душанбе Мақсуд Икромов бояд дар ҷашни Наврӯзи соли 1992 иштирок мекарданд. Вале замони сафари онҳо Икромов аллакай боздошт шуда буд ва ҳайати баландрутба иҷозаи фуруд ба Душанберо нагирифтанд", - афзуд ӯ.
Аммо баъдан, ба қавли Нуралӣ Давлат, вақте музокироти сулҳи миёни ҷонибҳои даргир дар Тоҷикистон шурӯъ шуд, "Рафсанҷонӣ ва ҳукумати Эрон ҳамроҳи Русия талоши зиёд карданд, ки сулҳ дар Тоҷикистон барқарор шавад. Ба ҳамин хотир, дар моҳи майи соли 1997, пеш аз имзои Созишномаи сулҳ дар Маскав, ӯ ба Тоҷикистон омад."
Алӣ Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, яке аз чеҳраҳои муҳими Ҷумҳурии Исломӣ аз оғози ба қудрат расидани ин низом дар соли 1979, бар асари сактаи қалбӣ даргузашт. Вай соли 1934 дар вилояти Кирмон дар хонаводаи марди деҳқон ба дунё омада, чанд навбат аз тарафи маҷаллаи "Форбс" дар радифи сарватмандҳо қарор гирифтааст. Вай дар замони ҷавонӣ ба ҷунбишҳои исломӣ ҳамроҳ шуда, дар зиндони ҳукумати шоҳи Эрон низ ба сар бурдааст.
Хотираҳои сафири собиқи Тоҷикистон аз Рафсанҷонӣ:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Аммо ӯ баъди пирӯзии инқилоби исломӣ яке аз мақомҳои қудратманд дар Эрон ба шумор мерафт. Вай беш аз ду давра раиси Маҷлис, аз соли 1989 то 1997 раиси ҷумҳури Эрон ва то замони маргаш раҳбари Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом, яке аз ниҳодҳои калидӣ буд. Вай дар интихоботи соли 2005 низ худро номзад кард, вале аз Маҳмуди Аҳмадинажод шикаст хӯрд.
Оқои Рафсанҷонӣ дар замони раёсати Маҳмуди Аҳмадинажод ба яке аз мунтақидони ӯ ва бархе аз ниҳодҳои зери назари раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ табдил ёфт. Дар ҳоли ҳозир Маҳдии Ҳошимӣ, писари Ҳошимии Рафсанҷонӣ, дар зиндони Эвин ба сар мебарад. Вай бо ҷурми ҷиноёти молиявӣ, аз ҷумла, сарфи маблағи буҷа ва нақзи амният ба даҳ соли маҳбас маҳкум шудааст. Қаблан духтараш Фоиза Ҳошимӣ низ зиндонӣ шуда буд.