Дар нахустин рӯзи ҳафтдаҳумин нишасти хибрагони раҳбарии Эрон, Оятуллоҳ Муҳаммад Яздӣ дар рақобат бо Ҳошимии Рафсанҷонӣ бо ба даст овардани 47 раъй аз маҷмӯи умумии овози аъзои ин маҷлис, раиси ин маҷлис интихоб шуд.
Маҷлиси хибрагони раҳбарӣ, маҷлиси иборат аз фақеҳҳои "воҷиди шароит" аст, масъулияти таъйин ва назорат бар валии фақеҳро (раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон) дорад. Муддати ҳар давраи ин маҷлис, ки аъзои он ба василаи интихобот ва тавассути раъйи мустақим ва махфии мардум мегарданд, ҳашт сол мебошад.
Ба гузориши хабаргузории ИСНА, дар ин интихобот Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Муҳаммад Яздӣ, Маҳмуди Ҳошимии Шоҳрӯдӣ ва Муҳаммад Мӯъмин номзад шуда буданд. Дар ин миён Маҳмуд Ҳошимии Шоҳрӯдӣ аз рақобат канор рафт ва бинобар ба ҳадди нисоб нарасидани оро, интихобот ба даври дувум рафт. Хабаргузории "Тасним" бо ишора ба канор рафтани оқои Шоҳрӯдӣ хабар додааст, ки дар даври аввал Муҳаммад Яздӣ 35 раъй, Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ 25 раъй ва Муҳаммад Мӯъмин 13 раъй ба даст оварданд.
Ин хабаргузорӣ, шумораи орои Муҳаммад Яздӣ дар даври дувумро 47 раъй, теъдоди орои Рафсанҷониро 24 раъй ва шумораи орои ботилшударо 3 раъй эълон кардааст. Ин дар ҳоле аст, ки хабаргузории "Форс" хабар дод, ки Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ бо ба даст овардани 27 раъй, аз раёсати Маҷлиси хибрагони раҳбарӣ, бозмонд.
Муҳаммад Яздӣ, ки дар ҳоли ҳозир раиси Ҷомеаи мударрисини ҳавзаи илмии Қум ва узви Шӯрои нигаҳбон аст, қаблан раиси қувваи қазоияи Эрон будааст. Пас аз ба сари қудрат расидани Муҳаммад Хотамӣ, муносибат миёни қуваи қазоия ва давлати Эрон дар чанд маврид дучори мушкил шуд. Аз ҷумла, боздошти шаҳрдори пешини Теҳрон Ғулом Муҳсин Карбосчӣ, ки боиси эътирози давлати Эрон шуд.
Муҳаммад Яздӣ ҳамчунин аз замони ба қудрат расидани Ҳасан Рӯҳонӣ, чандин бо аз фаъолиятҳои давлат дар бахшҳои гунонгун интиқод кардааст. Аз ҷумла вай ба унвони раиси Ҷомеаи мударрисини ҳавзаи илмии Қум дар тирамоҳи гузашта гуфта буд, ки чанд ёддошти маҳрамона ба Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон дода шудааст. Вай ҳамчунин дар як барномаи телевизионӣ аз гуфтугӯи сахт ва тунди худ бо Алӣ Юнусӣ, ёвари раиси ҷумҳури Эрон дар умури ақвом ва ақаллиятҳои динӣ ва мазҳабӣ хабар дода буд.
Муҳаммад Яздӣ ҳамчунин ҳафтаи гузашта бо ҳамла ба фаъолияти вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ дар ҳавзаи мусиқӣ, аз Алӣ Ҷаннатӣ вазири иршоди Эрон хостааст, ба муовини ҳунарии ин вазоратхона гӯшзад намояд, ки мусиқӣ дар ислом ҳаром аст. Оятуллоҳ Яздӣ дар солҳои гузашта ҳамчунин ба шиддат аз мавзеи Оятулоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон ҳимоят кардааст.
Вай чанд соли пеш гуфта буд, ки "валии фақеҳ аз сӯи Имоми Замон муайян шуда ва дастуроти ӯро ҳам муайян кардаанд ва фармудаанд, ки гӯш ба ҳарфи валии ман диҳед" . Муҳаммад Яздӣ ҳамчунин солҳои гузашта борҳо аз мавзеъгириҳои Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ интиқод кардааст.
Раъйгирӣ барои интихоби раис ва аъзои ҳайати раҳбароии Маҷлиси хибрагони раҳбарии Эрон ҳар ду сол як бор баргузор мешавад ва тайи он ин афрод бо раъйи аъзо интихоб мешаванд.
Дар низоми Ҷумҳурии исломи Эрон, раҳбари он кишвар қудратмандтарин фард ба шумор меравад. Пас аз вафоти бунёдгузори Ҷумҳурии исломии Эрон Саид Руҳуллоҳи Хумайнӣ, аз соли 1989 ба ин тараф Саид Алии Хоманаӣ раҳбарии Ҷумҳурии исломии Эронро ба дӯш дорад.