Таркиши як мошини бомбгузоришуда дар шаҳри Аъзоз, дар шимоли Сурия, боис ба марги дастикам 48 нафар ва захмӣ шудани даҳҳо тани дигар гардидааст. Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, қароргоҳаш дар Лондон, бо эълони ин хабар рӯзи 7 январ гуфт, аксари кушташудагон ғайринизомиҳо ҳастанд. Шаҳри Аъзоз дар наздикии марзи Туркия ҷойгир аст ва таҳти назорати мухолифони ҳукумати Башор Асад қарор дорад. Дар моҳҳои гузашта низ таркишҳои ба ин монанд дар шаҳри Аъзоз рух дода ва мухолифон гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”-ро муқассир дониста буданд. Вале инфиҷори рӯзи шанбе дар шароите рух дод, ки оташбасе бо ибтикори Русия, Туркия ва Эрон дар Сурия барқарор шудааст.