Биналӣ Йилдирим, нахуствазири Туркия, бо сафари дурӯза вориди Бағдод, пойтахти Ироқ, шудааст. Ин сафари оқои Йилдирим рӯзи шанбе оғоз ёфт, вале ҷузъиёти зиёде дар бораи мулоқоти ӯ дар даст нест. Рӯзи панҷшанбеи гузашта сухангӯи Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, гуфта буд, ки мулоқоти Биналӣ Йилдирим дар бораи ҷанг бо гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ва ҳузури нерӯҳои курди мухолифи давлати Туркия дар Ироқ хоҳад буд. Вай инчунин гуфт, ихтилофҳо бар сари ҳузури нерӯҳои Туркия дар Ироқ низ баррасӣ мешавад. Сафири Туркия дар Твиттер ибрози умед кардааст, ки дидори нахуствазири Туркия фасли навро дар равобити ду кишвар боз хоҳад кард.