Човушоғлу: Ҳуввияти ҳамлагари клуби шабона мушаххас шуд

Вазири корҳои хориҷии Туркия гуфт, ки мақомот ҳуввияти ҳамлагари шаби Соли Нав ба клуби шабонаи Истанбулро мушаххас карданд. Мавлуд Човушоғлу, ки рӯзи 4 январ бо хабаргузории "Анадолу" сӯҳбат мекард, дар бораи ҳамлагар ҷузъиёт надод.

Як марди мусаллаҳ бо автомати Калашников шаби Соли Нав ба клуби шабонаи Reina ворид шуда, ба сӯи меҳмонон тир кушод ва 39 нафарро қурбон кард. Ҳамлагар то ҳол боздошт нашудааст.

Изҳороти Човушоғлу дар ҳоле пахш шуд, ки хабаргузории "Анадолу" аз боздошти 5 гумонбари марбут ба гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар Измир гузориш дод. Масъулияти ҳамла ба Reina-ро ДИИШ бар дӯш гирифтааст.

Мақомоти Туркяи дастикам 14 нафарро дар робита ба ҳамлаи шаби Соли Нав боздошт кардаанд, ки ду нафари онҳо шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ ҳастанд.