Дар интернет наворе нашр шуд, ки саҳнаи латту кӯби як ҷавонро бо либоси "набераи" Бобои барфӣ аз тарафи як гуруҳи мардон намоиш медиҳад. Мардон ҷавонро дашном дода ва дар рӯяш мезананд. Дар навор дида мешавад, ки мардон ба Бобои барфӣ кордор нашуда, аммо аз ҳар тараф "набера"-и ӯро иҳота карда, таҳқиру дашном мекунанд. Соли гузашта дар вилояти Хоразми Узбакистон низ ҳодисаи талоши таҷовуз ба "набера"-и Бобои барфӣ сабт шуда буд. Аз гуфтугӯи мардон дар навор фаҳмида мешавад, ки ҳодисаи охир дар шаҳри Андиҷон сурат гирифтааст.