Боздошти як суриягӣ бо гумони ҳамлаи эҳтимолӣ дар Олмон

Мақомоти Олмон мегӯянд, як паноҳандаи Сурияро бо гумони дархости кумаки молӣ аз гурӯҳи "Давлати исломӣ" барои ҳамла ба тӯдаи мардум боздошт кардаанд. Ин боздошт рӯзи 2 январ, ду ҳафта баъд аз ҳамлаи маргбори як шаҳрванди Тунис ба "бозори Крисмас", сурат гирифт, ки 12 кушта ба ҷо гузошт.

Дар қазияи ахир додситони шаҳри ҷанубу ғарбии Саарбрускен гуфт, марди 38-солаи суриягӣ, ки ҷойи кор надорад, 31 декабр бо гумони кӯшиши ҷамъоварии 180 ҳазор евро ва сармоягузории ҳамла боздошт шуд. Додситон Кристофер Ребманн аз гумонбар ном набурд, аммо гуфт, ин мард ду сол пеш аз Раққа ба Олмон омада, ҳаққи паноҳандагӣ гирифт ва бо гумоне боздошт шуд, ки аз гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар Сурия барои харидани мошинҳои боркаш ва дар ҳар кадом ҷой додани 400-500 кило маводи тарканда маблағ хост.

Ребманн мегӯяд, ки ин мард тамоси худро бо ДИИШ эътироф карда, вале гуфтааст, ки дар пайи ҳамла набуд ва пулро барои кумак ба хонаводааш мехост, ки дар Сурия мондаанд.