Биноба гузориши хабаргузории Associated Press таркише дар майдони канораҳои Бағдод, дастикам 24 нафарро кушта ба ҷо гузошт.
Хабаргузории France Press бо такя ба пулиси шаҳр мегӯяд, ки теъдоди қурбониҳо аз 30 нафар гузашта ва на камтар аз 60 тани дигар захмӣ шудаанд. Пулис гуфтааст, ки ҳангоми таркиш дар майдон теъдоди зиёди коргарони кироя ҳузур доштанд.
Гуфта мешавад, ки маводи мунфаҷира дар як мошини боркаш буд ва онро як ҳамлагари интиҳорӣ ба кор андохт.
Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" бар дӯш гирифт.
Рӯзи шанбеи гузашта ду таркиш дар бозори Бағдод ҷони камаш 27 нафарро гирифт. Рӯзи дигараш ду маргталаб худро дар постгоҳи Наҷаф тарконд ва 8 нафарро қурбон кард.