Ҳавопамо бо 35 дипломати рус, ки Ийолоти Муттаҳида онҳоро дар посух ба ҳамлаҳои ҳакерии Русия аз қаламраваш хориҷ кард, ба Маскав баргаштанд.
Рӯзи панҷшанбеи гузашта маъмурияти Ийолоти Муттаҳида дар заминаи ин ҳамлаҳо алайҳи Русия таҳримҳои нав ҷорӣ кард. Таҳримҳо дар баробари шахсони алоҳида ҳамчунин ба Хадамоти амният ва Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия пахш мешаванд. Ҳамзамон бо ин Амрико 35 дипломати русро, ки дар Вашингтон ва Сан-Франсиско кор мекарданд, аз қаламраваш хориҷ кард.
Президенти Русия Владимир Путин рӯзи панҷшанбе гуфт, ки Маскав аз посухи мутақобил худдорӣ ва дипломатҳои Амрикоро ихроҷ намекунад.
Президенти мунтахаби Амрико Доналд Трамп тасмими Путинро "гашти олӣ" унвон кард.