Додситонии шаҳри Душанбе алайҳи як масъули "Боғи ҳайвонот" барои хунукназарӣ, ки боиси ҳалокати ду мори навъи печон шуда буд, парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.
Маҳдӣ Маҳмудов, корманди Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе бар асоси моддаи 322-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне “хунукназарӣ”, муттаҳам дониста мешавад. Ин банди Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё ба мӯҳлати ду сол ҷалб ба корҳои ислоҳиро дар назар дорад. Дар додситонии шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Маҳдӣ Маҳмудов он шаб дар Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе навбатдор будааст ва бехатарии сӯхторро бояд назорат мекардааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Масъулини Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе мегӯянд, зарари расида дар пайи сӯхтор то 5-уми январ пурра бартараф мешавад. Маъруф Тошев, як масъули "Боғи ҳайвонот"-и шаҳри Душанбе 2-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, барои овардани ду мори печон (петон) гуфтугӯ низ ҷараён дорад. Ӯ гуфт, бо яке аз боғҳои ҳайвоноти Қазоқистон барои овардани ду мор гуфтугӯ доранд. "Мо маслиҳат кардем ва бояд ду морро бо ду уқоб иваз кунем. Макони ниагҳдории морон низ пурра таъмир мешавад",-гуфт ӯ.
Ин бахши Боғи ҳайвоноти Душанбе, шаби 16-уми ноябр оташ гирифтааст ва дар натиҷа 70 метри муррабаъ осеб дида ва ду мори петон ё худ печон ҳалок шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти боғ, ба ҳам расидани ноқилҳои барқӣ сабаби оташ гирифтани ҷойи нигаҳдории ҷонварон шудааст.
Аммо мақомоти боғ мегӯянд, дар натиҷаи амалкарди сареи коргарон дар шаби оташсӯзӣ, бисёре аз ҷонварон, сангпушти обӣ ва чанд хазандаи дигар, наҷот дода шуданд, вале ба онҳо муяссар нашуд, морҳои афъиро наҷот диҳанд.
Садорати боғ барои харидани ду мори печон, ки дар Тоҷикистон нест, бо боғҳои ҳайвоноти кишварҳои дигар вориди гуфтугӯ шудааст ва мегӯяд, баъди анҷоми таъмири террариум, хазандаҳоро ба ҷояшон бармегардонад.