Вазорати адлияи Русия маркази "Сова"-ро, ки бештар ба омӯзиши миллатгароӣ дар ҷомеаи он кишвар машғул аст, ба рӯйхати "агентҳои хориҷӣ" шомил кард. Дар вебсайти Вазорати адлия гуфта мешавад, тасмими онҳо ба дунболи тафтиши ҳуҷҷатҳои созмон гирифта шудааст. Раиси маркази "Сова" Александр Верховский гуфт, ин созмони ғайриҳукуматӣ барои гӯё "дарёфти сармояи хориҷӣ" ва "баҳогузорӣ ба кори ниҳодҳои давлатӣ дар маҳзари умум" муттаҳам шудааст. Верховский гуфт, маркази таҳти раёсати ӯ норозигии худро аз ин қарори Вазорати адлия хаттӣ пешниҳод карда ва ба додгоҳ шикоят хоҳад бурд, то номи онҳоро аз феҳристи "агентҳои хориҷӣ" берун кунад. Маркази "Сова" дар Русия ба омӯзиши мушкили миллатгароӣ, бадбинии нажодӣ ва радикализми сиёсӣ машғул буд.