Корхонаи “Гулистон”, ки то соли 2014 ба миллиардери украинӣ Дмитрий Фирташ ва хонаводаи соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов муталлиқ буд, бо қимати 32 миллион сомонӣ (каме бештар аз 4 миллион доллар) ба фурӯш гузошта шудааст. Ин корхона ду сол пеш бо қарори Додгоҳи иқтисодии Душанбе давлатӣ гардид. Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон дар бахши музоядаи вебсайташ навиштааст, ки 100 дар сади саҳмияҳои корхона фурӯхта мешавад. Корхонаи “Гулистон” қаблан ба истеҳсоли шиму либосҳои “ҷинс” машғул буд ва маҳсулоташро ба кишварҳои Аврупо содир мекард. Аммо баъди мусодираи он ба нафъи давлат, корхона нуфузашро аз даст дод ва дар моҳи ноябри соли гузашта дар пайи як мушоҳидаи хабарнигори Радиои Озодӣ дастгоҳҳояш низ кор намекарданд. «Гулистон» ягона корхонае нест, ки Дмитрий Фирташ дар Тоҷикистон дошт. Корхонаи «Абрешими Хуҷанд» ва 75 дарсади «Тоҷиказот» низ моли Фирташ буд. Тайи тақрибан ду соли охир мақомоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ истироҳатгоҳи Зумрад дар Исфара, маҷмааи Сафедорак ва инчунин табобатгоҳи Шоҳамбариро фурӯхтаанд.
Навори видео аз бойгонӣ:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад