Оташбаси саросарӣ дар Сурия, бо миёнҷигии Русия ва Туркия, сарфи назар аз даргириҳои ҷудогона, ба сурати умум риоя мешавад.
Хатми даргириҳо соати 12-и шаби 29 декабр (вақти Прага) ҳукми иҷро гирифт ва ин нахустин оташбаси саросарӣ аст, ки баъди шикаст хурдани чунин як талош дар моҳи сентябр дар Сурия ҷорӣ мешавад.
Гурӯҳи нозири ҳуқуқи башари Сурия дар Лондон рӯзи 30 декабр гуфт, ки бахши умудаи кишвар ором буд, аммо ҷангҳои шадид дар байни шӯришгарон ва нерӯҳои ҳукуматӣ дар вилояти Ҳома ҷараён гирифтанд.
Абдул Раҳмон, раҳбари гурӯҳи назоратӣ ба хабаргузории France Press гуфт, ки "як гурӯҳи хурди шӯришгарон ва ҷангиёни содиқ ба онҳо барои вайрон кардани оташбас талош карданд, зеро оташбас ба мавҷудияти онҳо хотима мегузорад".
Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин, шарики калидии президенти Сурия Башор Асад, рӯзи 29 декабр эълон кард, ки ҳукумати Сурия ва мухолифини он ба созишномаи оташбаси саросарӣ дар кишвар имзо гузоштанд.
Путин гуфт, ки санади тадбирҳои риоя шудани оташбас низ имзо шудааст.
Оташбас ба мубориза алайҳи гурӯҳҳои тундраве чун "Давлати Исломӣ" ва " Ал-Нусра", ки ҳоло худро ҷабҳаи "Фотеҳ ал-Шом" ном гузоштааст ва мегӯяд бо Ал Қоида пайванде надорад, пахш намешавад.
Оташбаси саросарӣ ҷанд рӯз баъд аз назорати комили нерӯҳои ҳукуматӣ бар Ҳалаб, дуюмин шаҳри бузурги Сурия, ки қисмати шарқии он аз соли 2012 дар дасти шӯришгарон буд, эълон шуд.