Ҳалокати чор сарбоз дар марзи Арманистону Озарбойҷон

Акс аз бойгонӣ

Мақомот мегӯянд, субҳи 29 декабр дар натиҷаи задухӯрд дар марзи Арманистон ва Озарбойҷон, ба камияш чаҳор низомӣ кушта ва як теъдод захмӣ шудаанд. Вазорати дифои Арманистон гуфт, сарбозон ҳангоми ҷилавгирӣ аз вуруди нерӯҳои Озарбойҷон дар қисмати шимоли шарқи марз бо онҳо вориди даргирӣ шуданд. Вазорати дифои Озарбойҷон гуфт, дар ин задухӯрд як сарбозаш кушта шудааст.

Сухангӯи вазорати дифои Арманистон Арструн Ҳованисиён дар саҳифаи Фейсбуки худ навишт, ҳангоми даргирӣ дар наздикии деҳкадаи Чинории Арманистон аз силоҳи нишонгир ва хумпораандоз истифода шуд.

Озарбойҷон ва Арманистон солҳо боз бар сари минтақаи ҷудоиталаби Қарабоғи Кӯҳӣ низоъ доранд. Дар Қарабоғи Кӯҳӣ асосан арманиҳо зиндагӣ мекунанд ва ин минтақа солҳои 1988-94, дар ҷараёни даргириҳо, ки ҷони ҳудудан 30 ҳазор нафарро гирифт ва садҳо ҳазорро бемакон кард, худро аз Озарбойҷон мустақил эълон намуд.

Моҳи апрели имсол дар пайи нақзи оташбас миёни нерӯҳои Озарбойҷон ва ҷудоиталабҳо, бо пуштибонии Арманистон чаҳор рӯз ҷанги шадид ҷараён гирифт, ки аз соли аз соли 1994 намуна надошт ва дар он ҳудудан 75 низомӣ кушта шуд. Оташбас дар байни ду ҷониб соли 1994 эълон шуд.