Додгоҳи кӯшиши табаддулот дар Туркияро шурӯъ карданд

Дар Истанбул аввалин мурофиаи гумонбарони кӯшиши табаддулоти моҳи июни Туркия оғоз шуд. Бино ба фарзияи тафтишот, гумонбарон ба рӯҳонии шинохта Фатҳулло Гулен рабт мегиранд, ки мақомоти Туркия ӯро тарҳрези кӯшиши табаддулот мехонанд.

Дар курсии ҷавобгарӣ 29 ходими пулис нишастаанд, ки ба даст кашидан аз ҳимояи манзили президент Раҷаб Таййиб Эрдуғон, дар шаби кӯшиши табаддулот муттаҳам мешаванд. Ба 21 нафари онҳо зиндони якумрӣ ва 8 нафар то 15 соли ҳабс таҳдид мекунад.

Кӯшиши табаддулоти давлатӣ шаби 16 июли имсол ба вуқӯъ пайваст. Дар кишвар вазъи фавқулодда эълон шуд ва амали Конвенсияи Аврупо дар умури ҳуқуқи башар қатъ шуд. Дар чаҳорчӯби баррасии ин қазия Анкара даҳҳо ҳазор шаҳрвандро боздошт ва президент Эрдуғон эҳтимоли бозгардондани ҳукми эъдомро матраҳ кард. Ҳомиёни ҳуқуқи инсон аз азияту шиканҷаи гумонбарон дар зиндонҳо гузориш медиҳанд.

Баъди ин Порлумони Аврупо ҳукумати Туркияро ба ақибнишинӣ аз ҷодаи демократия айбдор кард ва барои манъи гуфтушуниди воридшавии Туркия ба Иттиҳоди Аврупо овоз дод.