Гурӯҳи киштиҳои низомии Чин таҳти раҳбарии киштии ҳавопаймобари "Ляонин", аз ҷануби Тайван гузашта ба Баҳри Чини Ҷанубӣ ворид шуд. Дар ин бора Вазорати дифои Тайван хабар дод. Пекин ҳаракати худро дар ин масир тамрини нерӯҳои дарёгард унвон кардааст.
Вазорати дифои Тайван мегӯяд, ҳавопаймобари "Ляонин" ҳамроҳ бо 5 киштӣ субҳи 26 декабр аз қисмати ҷанубу шарқи ҷазираҳои Спратли, ки таҳти назорати Тайван қарор доранд, гузашта ва ба самти ҷанубу ғарб ҳаракат кард. Тамрини нерӯҳои дарёгарди Чин дар пасманзари ташаннуҷ бо Тайван ҷараён мегирад, ки Пекин онро қаламрави худ мешуморад. Авзоъ дар байни Чин ва Тайван баъд аз гуфтугӯи телефонии Доналд Трамп, раиси ҷумҳури мунтахаби Иёлоти Муттаҳида бо президенти ҷазира Тсай Инвэй шиддат гирифт.
Нерӯҳои дарёгарди Ҷопон рӯзи 25 декабр бори аввал вуруди киштии ҳавопаймобари Чин ба обҳои Уқёнуси Оромро мушоҳида карданд. Пеш аз ин "Ляонин" ҳамроҳ бо киштиҳо фосилаи байни ҷазираҳои Окинава ва Мияко, дар Баҳри Шарқии Чинро убур кард.