Русия "болҳои Тоҷикистон"- ро мебурад?

Мутахассисони тоҷик мегӯянд, манъи парвози ҳавопаймоҳои Тоҷикистон ба Русия ва фишор барои роҳ додани ширкатҳои дигар, талоше барои “буридани болҳои Тоҷикистон” ва ё тобеи худ кардани ширкатҳои тоҷикистонӣ аст. Як гузориши телевизиони давлатии Русия дар бораи моҷаро айни унвонро дошт, ки “Болҳои Тоҷикистонро буриданд”.

Айни замон 65 дар сади бозори ҳамлу нақли ҳавоии Тоҷикистон дар дасти ширкатҳои русӣ аст ва фақат дар сурати роҳ додани ширкати “Ямал”, саҳми русҳо ба 76 дар сад мерасад ва чизе барои ширкатҳои дохилӣ намемонад.

Иброҳим Ҷобиров, раиси собиқи раёсати авиатсияи шаҳрвандии вазорати нақлиёт, рӯзи 24-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, нархи билетҳои ширкати “Уралские авиалинии” бисёр арзон ва “нархи демпингӣ” ё аз арзиши воқеиаш арзонтар аст. ”

"Вақте ду ширкати Русия аз фурудгоҳи Жуковский парвоз анҷом медиҳанду ширкатҳои мо не, онҳо нархи билетро таъйин мекунанд. Нархи онҳо аз нархи чиптаҳои ширкати “Тоҷик эйр” ва “Сомон эйр”, ки ба фурудгоҳи Додмодедово парвоз мекунанд, арзонтар мешавад, ҳама муштариён онҳоро интихоб мекунанд, чунки нарх арзон аст. Дар ин сурат парвози ширкатҳои мо фоидаовар намешавад”.мегӯяд, Иброҳим Ҷобиров.

Рақобати носолим ё чизи дигар?

"Тоҷикэйр" ҳануз аз ҷанҷол эмин мондааст.

Тоҷикистон фақат ду ширкати ҳавопаймоӣ дорад, ки аксаран ба Русия парвоз мекунанд. Аз ҷумла ширкати “Сомон Эйр” ба 9 шаҳри Русия парвоз дошт, ки аз чандтоаш маҳрум шуд. Ширкати давлатии “Тоҷикэйр” ба 7 шаҳри Русия парвоз анҷом медиҳад.

“Уралские авиалинии”, “Ютайр” ва “Сибирские авиалинии” аз ширкатҳои русианд, ки дар бозори мусофиркашонии Тоҷикистон ҳузур доранд. Қимати билети ширкатҳои русӣ, ки сӯхт ва хадамоти арзони фурудгоҳҳоро мегиранд, дар баробари қимати билети ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон, масалан аз Санкт Петербург ба Душанбе то 3 ҳазор рубл арзонтар аст.

Зимнан бо вуҷуди онки вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ширкати “Уралские авиалинии” ҳаққи парвоз ба кишварро надорад, ҳавопаймои ин ширкат рӯзи 24-уми декабр мусофиронашро аз Краснодар ба Душанбе овард. Дар фурудгоҳи Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳеҷ мушкиле зимни қабули ҳавопаймо вуҷуд надошт.

Ба назари ман ҳоло ҳеҷ гуна асосе вуҷуд надорад, ки Кремл ба Тоҷикистон фишори сиёсӣ биёрад.

Мутахассисони тоҷик мегӯянд, пофишории вазорати нақлиёти Русия барои роҳ додани ширкатҳои бештари русӣ ва бахусус ” Ямал ва вориди бозори мусофиркашонӣ кардани ин ширкатҳо, фақат бо ҳадафи зери даст даровардани бозори ҳамлу нақли Тоҷикистон аст.

“Ин ширкати қавӣ метавонад, то як сол низ бо нархи арзон ва бар зиёнаш ҳам парвоз кунад. Ҳарчанд ин барои мусофирон хуб аст, аммо мо ду ширкати ватанӣ дорем ва бояд онҳоро ҳифз кунем. ” –мегӯяд, Иброҳим Ҷобиров.

Моҷаро иқтисодист на сиёсӣ

Ба гуфтаи коршиноси рус Даниил Кислов низ моҷаро байни Тоҷикистону Русия умдатан сабабҳои иқтисодӣ дорад, зеро фақат ҳалқаҳои иқтисодии ду тараф дар баҳс шариканд.

“Ба назари ман ҳоло ҳеҷ гуна асосе вуҷуд надорад, ки Русия ва ё Кремл ба Тоҷикистон фишори сиёсӣ биёрад. Ман ҳеҷ гуна омилеро намебинам, баҳси ҷиддие надоранд, мушкилоте дар робитаҳои сиёсиашон нест. Барои ҳамин тахмин мекунам, ки ин фақат як баҳси иқтисодӣ аст.” - гуфт ӯ ба Радиои Озодӣ.

Мақомоти Русия мегӯянд, тақозои Тоҷикистон, ки бояд баробарӣ дар мусофиркашонии ширкатҳои ҳавопаймоӣ риоят шавад ва нархҳо бо ҳам мувофиқа шаванд, асос надорад, чун бар тибқи созишномаҳои байнидавлатӣ фурудгоҳи Жуковский аз ин талабот берун аст. Ин нуктаро сухангӯи вазорати нақлиёти Русия дар сӯҳбате бо матбуоти давлатии кишвараш ба ҳамин ин нукта таъкид кард.

Аммо бар асоси созишномаи алоқаи ҳавоӣ байни Тоҷикистону Русия “қимати таъйинкардани ширкатҳо бояд бо назардошти тамоми омилҳо, хароҷот ва бо назардошти қимати ширкатҳои дигаре, ки ба айни самт парвоз мекунанд, таъйин карда шавад. “

Мумкин аст, сиёсӣ шавад

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав, ки ба моҷарои парвозҳо кашида шуд, дар як ёддоште ба вазорати умури хориҷии Русия аз ҷумла ба ҳамин нуктаҳо ишора кардааст. Ҷанҷол байни Тоҷикистону Русия баъд аз он бархост, ки Тоҷикистон ба ширкати Ямал иҷоза надод, аз фурудгоҳи Жуковский ба Душанбе парвоз кунад, баъди ин вазорати нақлиёти Русия дари чанд шаҳри кишварро ба рӯи ҳавопаймоҳои Сомон Эйр баст.

Тоҷикистон дар посух, аз “Уралские авиалинии” хост, парвозҳо ба Душанберо бас кунад. Дар ин миён ба гуфтаи Даниил Кислов, фақат мусофирон ва бахусус муҳоҷирони тоҷик азоб мекашанд, маҷбуранд, ё билетҳоро баргардонанд ва ё мунтазир шаванд, ки баҳсу кашмакаши ду тараф кай тамом мешавад.