Рабояндагони Airbus A320 ба мақомоти Малта таслим шуданд

Afriqiyah Airways A320 jet

Рабояндагони мусаллаҳи ҳавопаймои А320, ширкати либиягии Afriqiyah Airways, ки бо 118 нафар дар Малта нишаст худро ба мақомот таслим карданд. Ин ду нафар худро аз тарафдорони раҳбари сарнагуншудаи Либиё Муаммар Қаззофӣа муаррифӣ карданд ва пеш аз таслим шудан аз Малта паноҳандагии сиёсӣ хостанд.

Мусофирон ва сарнишинони Airbus A320 ҳамагӣ озод ва ду рабоянда боздошт шуданд.

Ҳавопаймои А320 аз фурӯдгоҳи Сабҳа, шаҳре дар ҷануби Либиё ба самти Триполи, потахти Либиё парвоз мекард, аз тарафи ду шаҳрванди Либиё рабуда шуд. Онҳо талаб карданд, ки ҳавопамо масирашро дигар кунад ва дар фурӯдгоҳи Валетта, пойтахти Малта нишинад.