Гулен: Қотили сафири Русия муҳофизи Эрдуғон буд

Фатҳуллоҳ Гулен, рӯҳонии мухолифи ҳукумати Туркия, бори дигар куштори сафири Русия дар Анкараро маҳкум ва даст доштани худро дар ин куштор рад кард. Ӯ гуфт, ин цатл ба созмони ӯ ҳеҷ рабт надорад. Дар ин бора хабаргузории Associated Press гузориш дод. Хабаргузорӣ муроҷиати видеоии Гуленро пахш кард, ки дар Иёлоти Муттҳаида зиндагӣ мекунад.

Пештар аз ин, президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, Мавлуд Олтинтош, марде, ки ба сӯи сафири Русия Андрей Карлов аз таппонча тир кушод, ба созмони Гулен рабт дорад. "Аз касе пӯшида нест, ки ходими 22-солаи пулис Мавлуд Олтинтош узви ҷунбиши Гулен буд", - гуфт Эрдуғон дар нишасти матбуотӣ дар Анкара. "Ман бояд ошкоро бигӯям, ки ин ҷунбиши ифлос ҳанӯз ҳам дар артиш ва пулис фаъолият дорад" - афзуд президенти Туркия ва таъкид кард, ки "поккориҳо" дар кишвар идома меёбанд.

Фатҳуллоҳ Гулен ин иттиҳомро башиддат рад кард ва гуфт, ки ӯ ҳамеша терроризмро маҳкум кардааст. Гулен ёдовар шуд, "қотил борҳо ба ҳайси муҳофизи Эрдуғон фаъолият кардааст. Дастикам даҳ бор. Ӯ ба созмони мо ҳеҷ рабт надорад - на дар гузашта ва на ҳоло", - гуфтааст Гулен дар муроҷиати видеоӣ.