Сафири кушташудаи Русия дар Анкара баъди марги фоҷеабораш бо унвони “Қаҳрамони Русия” сарфароз гардид. Амри мазкур рӯзи 21 декабр, ду рӯз баъди куштори ӯ дар як осорхонаи Анкара аз ҷониби президент Владимир Путин имзо шуд. Рӯзи паёми солонаи Владимир Путин ҳам, ки 22 декабр таъйин шуда буд, бо сабаби маросими дафни Андрей Карлов ба рӯзи 23 декабр паспарто шуд. Путин гуфтааст, ки Карлов барои ҷасорат ва саҳми азимаш дар татбиқи сиёсати хориҷии Русия бо ин унвони баланд сарфазор мегардад. Путин дар маросими бахшида ба ҷанозаи Карлов дар вазорати хориҷаи Русия суханронӣ хоҳад кард.