Нигаронии HRW ва NHC аз фишор болои хешутабори мухолифони тоҷик

Созмони Human Rights Watch ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия аз фишор болои наздикони мухолифони тоҷик изҳори нигаронӣ кардаанд, ки дар як намоиши эътирозӣ ҳангоми сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Чех иштирок доштанд. Ин гузориши муштарак рӯзи 20 декабр ба нашр расид.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Прага рӯзи 1 декабр сурат гирифт ва чор нафар аз мухолифони тоҷики муқими кишварҳои аврупоӣ дар назди қасри раёсати ҷумҳурии Чех аз сафари Раҳмон эътироз карданд. Дар гузориши созмони Human Rights Watch ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия исми се нафар аз эътирозгарон - Шӯҳрати Раҳматулло, писари – Раҳматуллоҳи Раҷаб, узви зиндонии раёсати ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ, Вайсиддин Одинаев, як фаъоли созмони "Гурӯҳи 24" ва Илҳомҷон Яъқубов, як фаъоли ҲНИТ оварда шудааст.

Мариус Фоссум, намояндаи минтақавии Norwegian Helsinki Committee барои Осиёи Миёна бо пахши изҳороте гуфтааст, "таҳдиди мақомоти Тоҷикистон алайҳи наздикони фаъолони тоҷик мояи шармсорист ва ин нобахшиданӣ мебошад". Ба гуфтаи вай, мақомоти тоҷик бояд ҳарчи зудтар мусодираи ғайримантиқии дороиҳои наздикони ин афрод ва дигар шеваҳои интиқомгириро поён диҳанд. Ҳанӯз мақомоти тоҷик ба ин изҳорот вокуниш накардаанд.

Фаъолони ҳуқуқи башар аз Амрико, Иттиҳодияи Аврупо ва дигар тарафҳои тасмимгиранда тақозо кардааст, то ба ҳукумати Тоҷикистон фишор биёранд, ки ин таҳдиду фишор болои мухолифонро хотима диҳад.