Дар Қазоқистон тақрибан баъди як рӯзи маҳдудияти дастрасӣ ба шабакаҳои Youtube, Instagram, Google, Вконтакте ва Facebook дубора барқарор шуд. Дар ин бора расонаҳои қазоқӣ иттилоъ доданд. Аз шоми 16 декабр шабакаҳои мазкур дар компютерҳо ва телефонҳои мобил боз намешуданд. Қатъи дастрасӣ дар минтақаҳои гуногуни Қазоқистон мушоҳида шудааст.
Дар ин кишвар сари ҳар чанд вақт мушкили дастрасӣ ба сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоии мухталиф сар мезанад. Ширкати воҳиди таъминкунандаи алоқа "Қазоқтелеком" ин мушкилро ба "нуқси техникӣ" рабт медиҳад. Дар ҳамин ҳол, Вазорати иттилоъ ва алоқаи Қазоқистон мегӯяд, ҳодисаи охири қатъи дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ низ сабаби техникӣ дошт.