Бо гумони таркондани автобуси низомиён 7 нафар дастгир шуданд

Сулаймон Сойлу, вазири корҳои дохилии Туркия гуфт, бо гумони созмон додани таркиши автобуси шаҳри Қайсари кишвараш ҳафт нафар боздошт шудааст. Автобусе, ки бар асари бархӯрд бо мошини маргталаб таркид, низомиёнро интиқол медод. Дар натиҷаи таркиш 13 нафар кушта ва беш аз 50 тани дигар захмӣ шуданд. Ҳеч гуруҳ масъулияти онро то ба ҳол ба зимма нагирифтааст, вале мақомоти турк дар он Ҳизби коргарони Курдистонро, ки Анкара созмони террористияш мехонад, айбдор медоданд. Ҳафтаи пеш дар натиҷаи ду таркиш дар Истанбул беш аз 40 нафар ҷон бохтанд. Масъулияти ин ҳамлаҳоро гуруҳи марбут ба ҷудоихоҳони курд ба зимма гирифтааст.