Бар асари фурӯравии қисмате аз айвон ё “балкон”-и бинои нашриёти “Шарқи Озод” дафтари хабаргузории “Авесто” хароб шудааст. Абдураҳмон Раҳмонов, корманди ин хабаргузорӣ, рӯзи 19 декабр гуфт, ки ҳодиса соати 12-и шаби гузашта рух дода ва ба ҳамин далел талафоти ҷонӣ надоштааст. Раҳмонов гуфт, шаби гузашта гурӯҳи махсуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон барои рафъи оқибатҳои ин фалокат даъват шуда, вале то ҳол ин гурӯҳ ба маҳалли ҳодиса нарасидааст.
Ӯ гуфт, “мумкин аст, бар асари фурӯ рехтани бетон ё овор, ки бахши умдаи бино хароб шудааст, компютеру таҷҳизоти фаннии оҷонсӣ низ нобуд шуда бошад.” Хабаргузории “Авесто” аз моҳи марти соли 2004 дар фазои иттилоотии Тоҷикистон зуҳур карда ва ҳамакнун аз расонаҳои матраҳи кишвар ба шумор меравад. Бунёдгузори ин хабаргузорӣ журналист Зафар Абдуллоев аст. Феълан дар “Авесто” 7 нафар фаъолият дошта ва ба иллати ҳодисаи шаби гузашта кори ин оҷонсии иттилоотӣ муваққатан таътил шудааст.