Боздошти даҳ навраси “исломгаро” дар Белгия

Мақомоти пулиси Белгия даҳ наврасро ба гумони омодагӣ ба таркишҳо дар айёми ҷашнҳои Соли Нав боздошт кардаанд. Дар ин бора намояндаи Додситонии Белгия Эрик ван дер Сипт охири ҳафтаи гузашта хабар дод. Вай гуфт, ноболиғон ба исломгароҳо барои ҷалби тарафдорони бештар дар Интернет ёрӣ расондаанд. Ба иттилои мақомоти интизомӣ, гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” наврасони мусалмонро барои анҷоми ҳамлаҳо дар Аврупо ҷалб мекунад. Рӯзи ҷумъаи гузашта мақомоти Олмон низ аз боздошти навраси 12-сола хабар доданд, ки қасд дошт бомбаи худсохтро дар ярмаркаи пеш аз Соли Нав дар шаҳри Людвигсхафен битарконад. Ҳоло ин наврас дар боздошт қарор дорад.