Тибқи гузоришҳо, дар пайи ҳамлаи интиҳорӣ дар шаҳри Адани Яман, ҳудуди 30 сарбоз ба ҳалокат расида ва шумораи зиёд захмӣ шудаанд. Мақомоти яманӣ гуфтаанд, ки ҳамла рӯзи 18 декабр дар наздикии як пойгоҳи низомӣ, ки сарбозон барои дарёфти моҳонаи худ ҷамъ омада буданд, рух додааст. То ба ҳол ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст. Аммо масъулияти як ҳамлаи монанд дар ҳашт рӯзи пеш дар ин пойгоҳро, ки сабаби ҳалокати 48 сарбоз шуда буд, гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба ӯҳда гирифта буд.
Шаҳри Адан аз сӯи нерӯҳои вафодор ба ҳукумати президент Абдурабуҳ Мансур Ҳодӣ контрол мешавад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ин ҳукуматро ба расмият мешиносад, ҳарчанд гурӯҳи Ҳусӣ аз ду сол ба ин тараф пойтахт шаҳри Санъо ва манотиқи шимол-ғарби он кишварро дар ихтиёр дорад. Эътилофи низомӣ бо раҳбарии Арабистони Саудӣ аз ҳукумати Абдурабуҳ Мансур Ҳодӣ пуштибонӣ мекунад