Мақомоти Афғонистон мегӯянд, мардони мусаллаҳи ношинос рӯзи 17 декабр панҷ зани корманди фурудгоҳи Қандаҳор ва ронандаи онҳоро ба қатл расонданд. Самим Хполвак, сухангӯи мақоми вилояти Қандаҳор ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин панҷ зан ҳини рафтан ба маҳалли кор дар роҳ аз сӯи ҳадди ақал се марди дучархасавор мавриди тирандозӣ қарор гирифтаанд.
Вай афзуд, ки ҳамлаварон аз маҳалли ҳодиса фирор намудаанд ва мақомоти интизомӣ таҳқиқотро оғоз кардааст. Хполвак афзуд, ки то ба ҳол ҳеҷ кас масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст ва касе ҳам дар ин робита боздошт нашудааст.
Директори Фурудгоҳи байналмилии Қандаҳор Аҳмадуллоҳ Файзӣ ба хабаргузории Франс-пресс гуфтааст, ки ин занон барои як ширкати хусусӣ, ки дар арсаи боркашонӣ ва тафтиши мусофирони зан, хизмат мерасонд, кор мекарданд. "Ин занон баъд аз дарёфти таҳдид аз сӯи касоне, ки ба кор кардани он розӣ набуданд, аз амнияти худ нигаронӣ доштанд",-гуфтааст ҷаноби Файзӣ.
Гурӯҳи Толибон дар гузашта масъулияти чунин ҳамлаҳоро ба ӯҳда гирифта буд.