Аҳмад Ишчӣ хостори татбиқи адолат шуд

Аҳмад Ишчӣ

Аҳмад Ишчӣ, волии собиқи Ҷузҷон, хостори, ба қавли ӯ, татбиқи адолат ва муҷозоти омилони ҷиноят дар баробари ӯ шуд. Ишчӣ рӯзи 17 декабр дар сӯҳбат бо бахши дарии Радиои Озодӣ гуфт, маълумот дар мавриди қазияро бо ҳайати расмии Додситонии кулл ошно карда ва ибрози умед намуд, ки "қазия ба гунаи шаффоф ва ҳаматарафа баррасӣ шавад". Пеш аз ин, Додситонии кулли Афғонистон гуфта буд, таҳқиқот дар мавриди қазияи Аҳмад Ишчӣ оғоз шудааст. Оқои Ишчӣ Абдурашид Дӯстум, муовини аввали раёсати ҷумҳури Афғонистонро муттаҳам кардааст, ки ӯро дар вилояти Ҷузҷон мавриди шиканҷа ва озору азияти ҷинсӣ қарор додааст. Аммо дафтари Дӯстум ин иттиҳомро рад намудааст.