Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон то охири соли равон дар доираи як сафари расмӣ аз Ҳиндустон боздид ва дар саммити СПАД-и Санкт-Петербург иштирок хоҳад кард.
Ба иттилои Дастгоҳи президенти Қирғизистон, зимни сафари Отамбоев масоили рушди минбаъдаи муколамаҳои сиёсӣ, дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат, таҳкими амнияти минтақавӣ ва ҳамкории Қирғизистону Ҳинд дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ мешаванд.
Моҳи январи соли 2017 президенти Қирғизистон барои баррасии рушди муносибатҳои дуҷониба ба Чин сафар хоҳад кард.
Қаблан низ хабар доданд, ки Отамбоев то охири соли равон сафари кориеро ба Ӯзбекистон анҷом дода ва қабри Ислом Каримов, президенти нахустини ин кишварро дар Самарқанд зиёрат мекунад. Вале ин хабар расман тасдиқ нашуд.