Сухангӯи президенти Русия гуфт, ки ИМА бояд иттиҳоми бидуни далелашро дар заминаи мудохилаи Маскав ба маъракаи интихоботии Амрико хотима диҳад ва ё далели дурустии ҳарфҳояшро пешкаш кунад. Дмитрий Песков ин ҳарфҳоро дар ҳошияи форуми тиҷоратии Русияву Ҷопон рӯзи 16 декабр дар Токио баён кард. Ахиран Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ки ба сабаби мудохилаи Русия ба интихоботи Амрико аз роҳи ҳакер ё қулфшиканҳои компютерӣ “чора меандешад.” Барак Обама дар мусоҳиба бо радиои ҷамъиятии Амрико гуфт:
“Ман фикр мекунам дар ин замина набояд шакку шубҳа вуҷуд дошта бошад, ки вақте ҳукумати хориҷие мекӯшад, ба тамомияти интихоботи мо таъсир гузорад, мо бояд чора биандешем ва мо ин корро хоҳем кард. Ин кор дар вақташ ва дар фурсати муайян анҷом мешавад. Баъзеашро ошкор мекунем, шояд баъзеашро не. Аммо Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия аз эҳсоси ман хабар дорад, чун ман дар ин бора бо ӯ мустақим сӯҳбат кардам”.
Обама гуфт, ки дар Кохи Сафед бовар доранд, ки мудохила ба ҷараёни интихобот бо амри шахсии президент Владимир Путин сурат гирифтааст. Манзури Обама дуздии имейлҳои ситоди демократҳо ва Ҳирралӣ Клинтон ба хотири кӯмак ба Доналд Трамп дар пирӯзии интихобот аст.