Осори нодири музейҳои Қрим ба Украина бармегардад

Як додгоҳи Ҳолланд ҳукм кард, ки Русия бояд осори нодири тиллоиро, ки аз осорхонаҳои Қрим бурда шудааст, ба Украина баргардонад. Хабаргузории Ройтерс мегӯяд, ки ба ҳангоми содир кардани ҳукм додгоҳ гуфтааст, ки Қрим кишвари мустақил нест ва аз ҳамин хотир ҳам наметавонад ҳақи худро талаб кунад. Замоне, ки ин осори нодир аз Ҳолланд ба Қрим дода шуд, нимҷазира бахши Украина буд, аз ҳамин хотир ҳам осорхонаҳои маҳаллӣ бояд ба қонунҳои ин кишвар тобеъ бошанд. Аз ин пеш як додгоҳи украинӣ ҳукм кард, ки талаби вазорати фарҳанг оид ба бозгардони осори нодир ба Киев дуруст аст.

Намунаыои тиллои даврони сакоҳо, ки ба қарни 9 пеш аз милод бармегардад, аз Қрим ба осорхонаи Амстердам дар оғози моҳи феврали соли 2014 интиқол ёфта буд, ин замоне буд, ки нимҷазира ҳанӯз аз ҷониби Русия ғасб нашуда буд. Дар ин маҷмӯа дар умум ду ҳазор адад осори нодир аст, ки дар ҳеҷ ҷои дунё назир надорад. Украина талаб кард, ки ин мавод пурра ба кишвар баргардад, чун осори миллии Украина ҳисоб мешавад. Русия аз ин пеш талаб карда буд, ки ин осор ба ин кишвар дода шавад.