Муҷозоти ноболиғон дар Қирғизистон сахттар мешавад

Дар Қирғизистон лоиҳаи ворид кардани тағйирот ба чанд моддаи Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ баррасӣ мешавад. Ба вижа, вазнин кардани муҷозоти майдаавбошӣ, шаробнӯшӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, инчунин дар ҳолати сархӯшӣ ба ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳозир шудан, дар назар аст.

Масалан, барои қонунвайронкунии ноболиғон аз волидони онҳо аз 2 то 3 ҳазор сом (мутаносибан муодили 200 ва 300 сомонӣ) ҷарима ситонида мешавад.

Дар ин лоиҳа ба шаробнӯшии ноболиғон таваҷҷуҳӣ махсус равона шудааст.

Зимни баррасӣ вакилони қирғиз ба раванди иҷрои қонун таваҷҷӯҳ кардаанд. Бархе вакилон гуфтаанд, ки қабул шудани тағйирот масъулияти мақомоти ҳифзи тартиботро бештар мекунад.