Мақомоти интизомии Узбакистон занеро боздошт карданд, ки бо роҳи фиреб духтарони маҳаллиро барои истисмори шаҳвонӣ ба Қазоқистон интиқол медодааст. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, Елена Орлова, сокини 24-солаи Бекобод дар вилоятҳои Сирдарё ва Тошканд духтарони узбакро бо ваъдаи ҷойи кори хубу маоши баланд дар соҳаи хидматрасонӣ ба Қазоқистон мефиристод.
Вале духтарон баъди берун шудан аз марз истисмори шаҳвонӣ мешуданд. "Дар Чимкент духтаронро шаҳрванди Қазоқистон бо номи Регина, ки чанд ҳаммом доштааст, пешвоз гирифта, ба Орлова барои ҳар як духтар 400 доллар медодааст", - гуфтааст як намояндаи мақомоти интизомии Узбакистон.
Ин сокинони ноҳияи Бекободро кормандони Хадамоти амнияти миллии Узбакистон ҳангоми интиқоли бахши навбатии "моли зинда" дастгир ва нисбаташ бар пояи моддаи 135 (Одамфурӯшӣ)-и Кодекси ҷиноии ин кишвар парванда боз кардаанд. Бо ҳукми додгоҳ Орлова 5 сол аз озодӣ маҳрум шудааст. Вале бо назардошти омилҳои сабуккунанда додгоҳ ҳукми ӯро ба ҷазои шартӣ тағйир додааст.