Барои қочоқи молу коло ҷазои ҷиноятӣ таъин мегардад

Аз ин ба баъд афроде, ки аз хориҷ ва ба хориҷ молу қочоқ мекунанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида хоҳанд шуд. То кунун барои муртакиби ҷиноятҳои марбут ба қочоқ танҳо ҷазои пардохти ҷарима сурат мегирифт.

Ҳотам Назарзода, муовини аввали Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 14 декабр дар парлумон гуфт, бар асоси тарҳи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, фарде, ки давоми сол муртакиби ҷинояти қочоқ шуда ва ҷазои маъмурӣ шудааст, дар сурати такрор кардани ин ҷиноят ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад.

Ба иттилои мақомоти додситонӣ, дар солҳои ахир мавориди қочоқи молу маҳсулот тариқи марзи кишвар бештар шуда ва бештарини он дар қисмати марзи вилочяти Суғд бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Қирғизистон ва Узбакистон ба мушоҳида расидааст.

Ба ин далел ба гуфтаи ин мақомот зимни ворид кардани тағйрот ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ҷазо дар нисбати ҷинояти қочоқ пурзур шуда ва аз ин роҳ ҷилави қочоқи ғайриқонунии молу маҳсулот дар марз гирифта мешавад.