Варзишгари Узбакистон ба Китоби рекордҳои Гиннес шомил шуд

Оксана Чусовитина, варзишгари Узбакистон

Оксана Чусовитина, варзишгари Узбакистон

Оксана Чусовитина, варзишгари Узбакистон, ба хотири иштироки зиёдаш дар Бозиҳои олимпӣ шомили Китоби рекордҳои Гиннес шуд. Дар ин бора расонаҳои Узбакистон хабар доданд. "Барои ман ин марҳилаи нави зиндагӣ аст. Хеле хушбахтам, ки ба рекордҳои Гиннес шомил шудам", - гуфтааст ин варзишгар.

Чусовитина баъди иштирок дар Бозиҳои олимпии 2016 дар Рио-де-Жанейро шомили рекордҳои Гиннес шуд. Ӯ дар 41-солагӣ на танҳо кӯҳансолтарин иштирокчии бозиҳо, балки ҳамчунин бори ҳафтум буд, ки дар Олимпиада ширкат мекард.

Оксана ягона варзишгар аст, ки ҳафт бор пайиҳам дар Бозиҳои олимпӣ (солҳои 1992, 1996, 2000, 2004, 2008, 2012 ва 2016) иштирок кардааст. Ӯ дар соли 1992 дар Бозиҳои олимпӣ медали тилло ва дар соли 2008 медали нуқра ба даст овард.