Навалний дар интихоботи президентӣ иштирок мекунад

Алексей Навалний яке аз мухолифони шинохтаи ҳукумати Русия аз иштирокаш дар интихоботи президентии соли 2018 хабар дод. Барномаи пеш аз интихоботияшро ин сиёсатмадор бунёди Русияи "одил ва замонавӣ" унвон кард.

Ба гуфтаи Навалний Русия аз соли 1996 ба ин сӯ интихоботи воқеӣ надорад ва иштироки ӯ дар сабқати раёсати ҷумҳур метавонад ба ҷомеа, бо шумули онҳое, ки аз ақидаҳояш пуштибонӣ намекунанд, фоида биёрад.