Вазорати энергетикаи Қазоқистон мегӯяд, қарори коҳиши истихроҷи нафт дар доираи созишномаи ОПЕК ба бузургтарин конҳои нафту гази ин кишвар дахл надорад. Ба иттилои вазорат, дар ҷаласаи Вена ҷониби Қазоқистон розӣ шудааст, ки истихроҷи нафтро то 20 ҳазор бушка дар як рӯз коҳиш диҳад. Инчунин, Русия то 300 ҳазор, Мексика - 100 ҳазор, Озарбойҷон - 35 ҳазор, Уммон то 40 ҳазор бушка кам хоҳанд кард.
"Созишнома ба тарҳҳои бузурги монанди Кашагани Қазоқистони Ҷанубӣ, Тенгизи ва Карачаганак дахл надорад", - омадааст дар изҳороти Вазорати энергетикаи Қазоқистон. Бар пояи изҳороти вазорат, истихроҷи нафт то 20 ҳазор бушка дар конҳои Оқтеппа, Қизилордин ва Мангистау коҳиш дода мешавад.
Мақомоти Қазоқистон ҳанӯз моҳи гузашта хабар дода буданд, ки тарҳи Кашаган ба сатҳи тиҷорӣ баромадааст. Моҳи равон ҳаҷми истихроҷи рӯзонаи нафт аз ин кон то ба 1,7 миллион бушка расидааст.