Иттиҳодияи Аврупо ва Куба бори аввал дар таърих созишномаи ба эътидол оварадани равобитро имзо карданд. Рӯзи душанбеи 12 декабр Федерико Могеринӣ, раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Бруно Родригес Парриля, вазири умури хориҷии Куба дар зери ин созишнома дар Брюссел имзо гузоштанд. Ин созишнома баъди тасвиб шуданаш аз ҷониби Порлумони Аврупо ва ҳукуматҳои ин Иттиҳод ҳукуми иҷро мегирад.
Гуфтушунид дар байни ду ҷониб аз моҳи апрели соли 2014 ба ин тараф идома дошт. Ба гуфтаи намонядагони Иттиҳодияи Аврупо, созишномаи Брюссел бо Ҳавана ба рушди иқтисод ва модернизатсияи иҷтимоии Куба кӯмак мекунад.
Қаблан хабаргузории РИА "Новости" аз имзои созишномаи Русияву Куба оиди барномаи ҳамкориҳои текноложӣ дар соҳаи дифоъ хабар пахш кард.