Ҳар сеюмин шаҳрванди Русия некӯаҳволии худро бартар аз бузургии кишварашон арзёбӣ мекунад. Дар ин бора шабакаи телевизионии РБК бо такя ба маълумоти Маркази омӯзиши афкори умуми "Левада" хабар додааст.
Моҳи ноябри соли 2016 теъдоди бештари русҳо ба ин суол, ки кишвари худро дар оянда чигуна дидан мехоҳанд гуфтаанд, барои онҳо таъминоти моддии худ ва оилаҳояшон муҳимтар аз сохти сиёсии давлат аст. ҳар сеюмин нафар гуфтааст, ки некӯаҳоволии онҳо аз сохти давлатдорӣ муҳимтар аст.
Тавре "Левада мегӯяд", ҳамзамон бо ин теъдоди тарафдорони ғояи Русия ҳамчун давлати "дорои сохтори вежаи сиёсӣ ва роҳи вежаи рушд" низ камтар шудаанд.
29 дар сади пурсидашудаҳо дар посух ба суоли "Вақте дар бораи роҳи вежаи рушди Русия мешунавед, аз зеҳни шумо чӣ мегузарад?", гуфтанд, ки пеш аз ҳама ба зеҳн рушди иқтисодии кишвар меояд, ки дар он ҳукумат ғами мардумро мехурад, на ғами "хоҷаҳои зиндагӣ"-ро
Биноба маълумоти "Левада" аз авоили моҳи ноябр, 17 дар сад гуфтанд, ки Русия бояд аз иддаои нақши "абарқудрат" даст бикашад.