Дар пайи барфрезиҳои шадиди рӯзҳои ахир, Мирзо Ятимов -- як сокини ноҳияи Файзобод ҷон бохтааст. Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, ҳангоми поин шудан аз таксӣ дар назди бозори ноҳияи Ваҳдат як шохи калони дарахт аз сангинии барф шикаста ба сари ин сокини 69-солаи деҳаи Қузбекии Файзобод бармехӯрад ва ӯ дар маҳали ҳодиса ҷон медиҳад. Мирзо Ятимов соҳиби 9 фарзанд будааст.
Рӯзҳои ҷумъа ва шанбеи гузашта Душанбе ва манотиқи марказии Тоҷикистон шоҳиди барфрезии шадид буд ва бар асари канда шудани хатҳои интиқоли барқ, бархе аз маҳаллаҳои пойтахт соатҳо бебарқ монданд. Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе мегӯянд, ки бар асари барфи зиёд дар рӯзҳои ҷумъа ва шанбеи гузашта, шохҳои дарахтон шикаста ва ба мошинҳои сабукрави онҳо осеб расидааст.